БАРОИ ХИЗМАТҲОИ СОДИҚОНА ВА СОФДИЛОНА ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИД

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Қадршиносии ҳар нафаре, ки дар ҷамъият хизмати софдилонаро ба роҳ мемонад, амале мебошад, ки  намунаи ибрати дигар нафарон гардида, фаъолияти ҳама соҳаҳои гуногун рушд меёбанд.

Ҳамин аст, ки ҳамасола аз тарафи мақомотҳои болоӣ  кормандоне, ки фаъолияти пурсамар ва намуна нишон дадаанд дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо бо тантана қадршиносӣ гардида, соҳиби ифтихорнома, сипоснома, раҳматнома ва туҳфаҳои гуногуни молӣ мегарданд.

Дар ноҳияи Ховалинг низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шудааст ва дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳо нафароне, ки кушишу заҳматашон бобати пешрафти соҳаи фаъолиятмекардааш назаррас аст, чуноне дар боло зикр намудем қадршиносӣ мегарданд.

Дар арафаи Рӯзи омӯзгорон директори МТМУ №2, ҳамзамон роҳбари ташкилоти ибтидоии «Шехмезон» Раҳимова Мавломбӣ Бо хизматҳои назаррас дар таълиму тарбияи насли наврас ва саҳми бузургаш дар корҳои ҷамъиятии маҳалла, мактаб ва ноҳия бо ифтихорномаи раиси ноҳияи Ховалинг қадршиносӣ карда шуд, ки ин туҳфаи арзанда ва эҳтирому эътибори хосаро нисбати муаллима ба кули омӯзгорони ноҳия муборакбод мегӯем.

Боварӣ ҳаст, ки дигар омӯзгорон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз таҷрибаи муаллим Раҳимова Мавломбӣ ба таври васеъ истифода намуда, саҳми худро дар рушду нумуи ин диёри зебоманзар мегузоранд.