Оромгоҳи деҳа тозаю озода ва симтӯрҳои он аз нав мустаҳкам карда шуд

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сокинони деҳаи Доробии ҷамоати деҳоти Ҷомбахт  дар гузаронидани “Рӯзи ёдоварӣ” фаъолона иштирок намуда, дар тозаю озода кардани дохили оромгоҳ ва мустаҳкам намудани симтурҳои гирду атрофи он саҳми арзанда гузоштанд.

  Дар ин рӯз бо қувваи ҳашарчиён дар баробари тоза намудани дохили оромгоҳ ба масоҳати 180 м2  200 метр симтурҳои атрофи он мустаҳкам карда шуд.  Дар ҳашар 36 нафар фаъолони ҳизб, 14 нафар волонтёрон ва 3 нафар имомхатибон иштирок дошта, дар ҳаққи гузаштагон дуои нек карданд.