ТАЪСИСИ БОЗ ЯК ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Ховалинг бо ташаббуси кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия  ташкилоти ибтидоии «Ориёнбонк» таъсис дода шуд. Ташкилоти мазкур аз ҳисоби кормандони Ориёнбонк, ки дар ноҳия нав таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ намудааст, ташкил карда шуд.

Дар ташкилоти номбурда, 6 нафар корманд фаъолият намуда, ҳамагӣ бо як руҳу илҳоми болида барои ворид шудан ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуданд.

Раиси бонки мазкур Қодиров Рустам Нуруллоевич аз ташкил намудани ташкилоти ибтидоӣ ба кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг изҳори миннатдорӣ намуда, бо сарбаландӣ ва боварии том иброз дошт, ки мо пайваста ва якдилона мутобиқи Оиннома ва дустуру супоришҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амал намуда, пайваста кушиш менамоем, ки бо фаъолияти пурсамари худ аъзои фаъол ва арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошем ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайваста дастгирӣ намоем.