НАВАСКАРОН ДАР ВАЗЪИЯТИ ТАНТАНАВӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Чун ҳамасола Рӯзи даъватшаванда дар ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати махсус таҷлил гардид.

Саҳни комиссариати ҳарбии ноҳия серодам буд. Шиорҳои «Хизмат ба ватан ҷасорату матонатро нишон медиҳад», «Қарзи мардонагиро иҷро менамоем», «Мо ҷавонон-ҳомии ватани маҳбуб», «Тоҷикистони модари мост ва фарзандвор барои ҳифзаш камри ҳиммат мебандем» ва ғайраҳо ба ҳусни ин саҳна зебогии дигар зам менамуданд. Падару модарон ва наздикони наваскарон, ки 53 нафарро ташкил медод ва ихтиёран барои шомил шудан ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд, руҳӯ илҳоми болида  доштанд. Сипас, бо садои марши тантанавӣ ва мусиқии ватандӯстона наваскарон ба саҳни ҷашнгоҳ ворид гардида, дар майдон саф оростанд.

Дар ин чорабинии ҳарбӣ-ватандӯстӣ раиси ноҳия Мирзозода Музаффар Бурҳон, муовинони раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Асадуллозода В. Д., раиси суди ноҳия, прокурори ноҳия, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифҷон Набиев, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

Раиси ноҳия Мирзозода Музаффар Бурҳон ҳозиринро ба ин рӯзи накӯ муборакбод гуфта, ба наваскарон, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд неруву матонати бузург ва хизмати софдилона ва содиқона ба Ватанро таманно намуд. Ҳамчунин иброз дошт, ки хизмат ба Ватан ин қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард буда, далериву ҷасуриии ҷавонони моро инъикос менамояд ва ҳар як ҷавонро зарур аст, ки аз ин мактаби ҷасорату матонат гузашта, дар ҳифзи марзу буми кишвар саҳми арзанда гузорад. Ҳамчунин ба падару модари наваскарон бобати тарбияи дуруст нисбати фарзанд ва дарки масъулияти ватандорӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Дар чорабинӣ яке аз навдаъватшавандагон бо номи Шарифҷон, ки солиёни дароз роҳбари валантёронро дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ба уҳда дошт суханронӣ намуда,  бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва оромиву осоиштагии кишвар иброз дошт, ки ҳар яки мо ҷавононро зарур аст, ки ихтиёран ин хоки муқаддасро, ки дар ҳавои сулҳу суббот орому осуда кору фаъолият менамоем  чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Бояд хотиррасон намоем, ки Абдураҳмони Абдулмаҷид ва Исмоили Саймуҳаммад сокинони Ҷамоти деҳоти Ҷомбахт аз ҳисоби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг, ки аъзоёни фаъоли ҲХДТ мебошанд дар ин даъвати тирамоҳӣ ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд.

Дар охир аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барои гусели наваскарон барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Дуои хайру сафари имомхатиби ноҳия наваскаронро баро адо намудани қарзи ватандорӣ гусел кард.