ҲАМОИШ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ХОВАЛИНГ ПЕРОМУНИ МАВЗӮИ «ТЕРРОРИЗМ-ХАТАР БА ҶОМЕА»

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бо иштироки коллективи кормандони ҷамоати шаҳрак, раисони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат, вакилони ҷамоатӣ, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат ва дигар шахсони масъул ҷаласса баргузор гардид. Ҳамчунин дар ҷалассаи мазкур сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг подполковники милитсия Амрдинзода Ҷ. А. ширкат дошт.

Маҷлис зери унвони «Терроризм-хатар ба ҷомеа» кори худро оғоз бахшид. Дар маҷлис ҳозирин баромад намуда, оид ба хатарҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, баромад ва иғвоангезии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳҳо тавассути ваъдаҳои пучу хом ва фиребу найрангҳояшон сухан рафт.

Ҳамчунин таъкид бар амал оварданд, ки терроризм вабои аср гардидааст ва дар чандин давлатҳои абарқудрат гурӯҳҳои террористӣ амал намуда истодаанд ва нооромии сиёсиро ба вуҷуд меоранд. Тоҷикистони азизи мо бошад аз ин хатарҳо дар канор нест ва душманону хоинони миллат, ки аъзоёни фаъоли чунин гурӯҳҳо мебошанд, пайваста кушиш ба харҷ медиҳанд, то оромию осоиштагии кишвари моро низ барҳам занад. Онҳо ба ин мақсад мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, фаъолияти кишвари азизи моро паст мезананд ва мехоҳанд бо ин сафсатагӯиҳояшон ҷавонони камхиради моро ба гурӯҳҳои худ шомил намуда, бар зидди Ватан шуронанд. Аммо моро мебояд пайваста ҳушёру зирак бошем ва фиреби дасисаҳову шиорҳои дуруғини онҳо нагардем,- таъкид шуд дар ҷаласа.

Сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг подполковники милитсия Амрдинзода Ҷ. А. низ суханронӣ намуда, таъкид бар он дошт, ки ҳамаи моро зарур аст, ки ба тарбияи фарзандон диққати бештар диҳем ва нагузорем, то дар ҷинояту ҷинояткорӣ шомил бошанд. Ҳамчунин даъват бар амал овард, ки ҳамагон нисбати ҷинояткорӣ дар куча ва ё дар маҳал бояд бетарафӣ зоҳир насозем ва ҳар як ҳодисаву воқеае, ки ба вуқуъ мепайвандад бо кормандони мақомотҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, дар пешгирии амалҳои номатлуб саҳми бузурги худро гузорем.

Иштирокчиён низ пайми ҳам суханронӣ намуда, фикру ақидаҳои худро перомуни мавзӯи матраҳгардида иброз доштанд.