Омодагии кормандони шабакаҳои барқ барои фасли зимистон

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони шабакаҳои барқи ноҳия барои фасли зимистон ҳаматарафа омодагӣ гирифта истодаанд. Онҳо дар кучаву маҳалла ва деҳот гаштугузор намуда, аз ҳолати симчубҳо, ноқилҳои барқӣ, трансформатор ва дигар асбобҳои барқӣ дидан намуда истодаанд. Дар ҳолати дидан аз олотҳои барқӣ барои иваз намудани симчубҳои фарсуда, изоляторҳои шикаста, ноқилҳои барқии корношоям ва равғани трансформаторҳо корҳои заруриро ба сомон расонида истодаанд.

Ҳамчунин, кормандони ин ниҳод бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида, бобати дуруст истифодабарии асбобҳои барқӣ, ба танзим даровардани ноқилҳои барқӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, самаранок истифода намудани қувваи барқ, сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи барқ ва ғайраҳо аҳолиро таъкид намуданд.

Кормандони ин ниҳод дар маҳаллаву деҳот шохаҳои дарахтонеро, ки ба ноқилҳои барқӣ мерасанд бурида, ноқилҳоро аз шохаҳои дарахтон озод намуданд. Зеро аз пеш фасли зимистон меояд ва ҳангоми боридани барфи зиёд шохаҳо метавонанд болои ноқилҳо хам шуда, расиши кутоҳро ба амал биоранд ва дар натиҷа аҳолӣ муддати чанд рӯз аз қувваи барқ бенасиб мегардад.

Ин омодагиҳо ва тайёриҳо ба зимистон дар таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ дар фасли сармои зимистон саҳми бузург хоҳад гузошт.