Мавзуи суҳбат: тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ ва омодагӣ ба хизмат дар сафҳои қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Рӯзи 27 апрели соли 2022 бо  иштироки мудири шуъбаи ҷавонони  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия  (дар аксҳо) дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 бо хонандагони синфҳои болоии таълимгоҳ дар мавзӯи тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ ва омодагӣ ба хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат доир карда шуд.

  Ба хонандагон дар мисоли корнамоиҳои родмардони диёр, дорандаи ордени Суворов Сайдаҳмад Каримов, дорандаи ду ордени “Шараф” Муродалӣ Маҳмадалиев ва дигар сарсупурдагони Ватан фаҳмонида шуд, ки  хизмат ба Ватан ин ҳифзи зодгоҳ ва дар маҷмуъ Тоҷикистони азиз ва таъмини амнияти падару модар, аҳли оила ва мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.