БОНУИ ҲУНАРМАНД СОҲИБИ ГРАНТ ГАРДИД

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси фараҳмандии аҳли ҷомеа, хусусан сокинони ноҳияи Ховалинг аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободу зебо гардонидан ва созандагиву бунёдкориҳо дар деҳаву маҳалла, ҷалби сайёҳон ба кишвари азизи мо ва рушду эҳё намудани ҳунарҳои миллии тоҷикӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд. Ин иқдоми накуву хирадмандонаро сокинони кишвар, аз ҷумла мардуми сарбаланди ноҳияи Ховалинг хуш пазируфта, баҳри созандагиву бунёдкорӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ камари ҳиммат бастанд.

Қисмати зиёди бонувон бо ҳунару маҳорати кадбонугӣ, дузандагӣ, чеварӣ ва дигар ҳунарҳо сатҳи зиндагии худро тағйир доданд.

Моҳикалон Холова аз зумраи бонувони ҳунарманди ноҳия аст, ки аз солҳои пеш ҳамроҳи марҳум шавҳараш ҳунари пояфзолдӯзиро пешаи худ намуда, ба ин васила ризқу рӯзии худ ва фарзандонро пайдо менамояд. Ин бонуи ҳунарманд ба сокинони ноҳия хизмати хоксорона намуда, мунтазам пайи фаъолият аст. Аз субҳи содиқ то бегоҳ бо асбобҳои пояфзолдӯзӣ сару кор дорад ва хизматгари сокинони ноҳия мебошад. Натиҷа ҳамин аст, ки фарзандон, ки ҳамагӣ духтаранд ин ҳунарро аз модари мушфиқу меҳрубон омӯхта, онҳо низ бо меҳрубонӣ ва муомилаву муоширате, ки хоси бонувон аст, хизматрасониашонро ба роҳ мондаанд.

Дар ҳама чорабиниҳои ноҳиявӣ ҳунару маҳорати ин бонуи ҳунарманд ва фарзандонаш дар намоишгоҳ ба маърази дид гузошта мешавад ва ҳайати комиссияи тадорукот ба ҳунару маҳорати Моҳикалон Холова ва фарзандонаш баҳои баланд медиҳанд. «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз тарафи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шавқу рағбати апаи Моҳикалон Холоваро нисбати пешаи интихобнамудааш боз ҳам зиёд намуда, пайи рушд додани ин ҳунар гардид. Бо бахти баланду накуи хеш, дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати кишвар,  Пешвои муаззами миллат ва дастгириҳои бевоситаи мақомотҳои болоӣ ин бонуи ҳунарманд соҳиби «Грант» гардид ва нақша дорад, ки дар оянда коргоҳашро васеътар намуда,  ҳунарашро низ сайқал диҳад ва заррае тавонад ба истеҳсолот гузарад.

Ба ин бонуи ҳунарманд муваффақияту барор хоҳонем!