Рӯзи 13 августи соли 2023 бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар оромгоҳи деҳаи Зардакии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд. Дар аксияи доирнамуда, ки дар сомонаи Фейсбук ба нашр расид, бештар аз 36 нафар сокинони маҳалла фаъолона иштирок намуданд. Дар ин рӯз бо қувваи ҳашарчиён дохил ва атрофи оромгоҳ тозаю озода карда шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг минбаъд ҳам барои баргузории самараноки Аксияи “Рӯзи ёдоварӣ” таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.