ТАШАББУСИ ҲИЗБӢ

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим, дар якҷоягӣ бо кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг  дар муассисаи таҳсиолоти миёнаи умумии №18-и  деҳаи Сафедшаҳрак бо иштироки гурӯҳи кормандони Кумита ва роҳбари муассиса дар мавзӯи “Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи ассосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ” тавасути Призинтатсия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.
Инчунин қайд карда шуд, ки  инсон ва тамоми мавҷудоти зинда бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

Зимни суҳбат гуфта шуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмиллали “Об барои рушди устувор, 2018-2028” боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли ҳифзи пиряхҳо” нишонаи сарчашмаи асосии ҳифзи захираҳои об мебошад.