РАФТИ БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСИ ДАР МТМУ №18

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи  Нақшаи амалёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 миёни хонандагони синфҳои болоӣ “Соати сиёсӣ” доир карда шуд.

Дар “Соати сиёсӣ” намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг, омӯзгоронӣ соҳибтаҷриба ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин дар баромадашон дар мавзуъҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуданд.