МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Аъзо ва тарафдорони фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар радифи дастуру ҳидоятҳои пешвои миллат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А. Ҷомӣ ҷиҳати таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, зимнан татбиқи босамари ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори деҳот ташкили корҳои ободонию созандагӣ ҳамчун ташаббусӣ ҳизбӣ зери унвони “Якҷоя месозем!” ба таври муташаккилона ба роҳ монда истодаанд.
Дар доираи корҳои созандагиву ободонии деҳа бо ташаббуси аъзоёни ТИ “Б. Раҳимзода”-и деҳаи Б. Раҳимзода-и ноҳия бо дастгирии мардуми аҳли деҳа зиёда аз 1,5-км роҳҳои байни маҳала мумфарш карда шуда, ин иқдом бо иштироки фаъоли сокинон ҷараён дорад, ки боиси муттаҳидӣ ва пешрафт мегардад.