ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИ БАҲРИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо ҳар як ташаббусу иқдомҳои ҲХДТ аз тарафи аъзо ва ҷонибдоронаш дастгирӣ ёфта истодааст.

Дар ҳамин замина, бо мақсади бартарафсозии мушкилоти ҷомеа дар доираи Аксияи ҳизбии “Акҷоя месозем!” ва ташаббуси ҳизбӣ зери унвони “Мактаби ман” аз тарафи Кумитаи падару модарон ва ташкилоти ибтидоии “маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и ноҳияи Абураҳмони Ҷомӣ чор синфхонаи иловагӣ сохтмон гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки саҳми раиси ташкилоти ибтидоии “Б. Раҳимзода” Абдуллоев Зайдулло дар ҷалби сокинони маҳал ва ободии муассиса назаррас мебошад.