МАЪЮБОН ТАҲТИ ДАСТГИРӢ ВА ҒАМХОРИҲОИ ДОИМИИ РОҲБАРИ МУАЗЗАМИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дастгирии маъюбон бо иштироки раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимова Назокат ва муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муминзода Мастура ба 2 нафар маъюб Абдуллоев Муҳаммадҷон ва Солиева Гулрӯ нафақаи ҳизбӣ ва аз ҷониби раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кумаки пуллӣ низ расонида шуд.