АМАЛИГАРДИИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дастгирӣ аз ташабусҳои созандаи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз тарафи аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб ҳамарӯза корҳои назаррас ба анҷом дода мешавад. Бо ташабуси соҳибкорони ҶДММ “Хоҷи Зайнулло” ба як нафар оилаи камбизоат, ки фарзанди маъюб доранд кумак расонида шуд. Модари хонадон барои дастгирӣ ва кумак ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муроҷиат намуда, ин муроҷиат аз тарафи шахсони саховатпеша дастгирӣ ёфт. Фарзанди ин хонадон пурра бо сару либоси мактабӣ таъмин гардида, ваъда дод, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, саҳми худро дар ободии Ватан мегузорад.