ОМОДАГӢ БА СОЛИ ХОНИШИ НАВ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бахшида ба муносибати 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ҷамоати деҳоти Калинин Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, вакилон, омӯзгорон, падару модарон дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва деворҳо рангубор карда шуд. Муассиса барои соли хониши 2022-2023 пурра омода буда, хонандагонро синфхонаҳои барҳаво ва шароити хуби таълим истиқбол мегиранд.