АКСИЯИ “ТОЗАГИИ МАҲАЛ”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташшабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” бо ҷалби ҷавонон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, волонтёрони ҳизбӣ аксияи умуминоҳиявӣ таҳти унвони “Тозагии маҳал” доир гардида, ба корҳои ободу зебо гардонидани муҳит машғул гаштанд.

Масъулини Кумитаи иҷроия дар баргузори аксия ҳизбӣ иштирок намуда дар баромади худ қайд карданд, ки мо раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш мебахшем, барои ин амали нек мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, камбудиву норасогиҳои ҷойдоштаро бартараф намоем.