ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бахшида ба муносибати 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгорон, падару модарони хонандагон дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва деворҳо рангубор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуд. Муассиса барои соли нави хониш омода буда, хонандагонро дар синфхонаҳои барҳаво ва шароити хуби таълим мусоид мегиранд.