ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2022-2023

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бахшида ба муносибати 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 -и ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгорон, падару модарони хонандагон дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва деворҳо рангубор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуд. Муассиса барои соли хониши 2022-2023 омода буда, хонандагонро дар синфхонаҳои барҳаво ва шароити хуби таълим истиқбол мегиранд.