ҲИЗБИЁНИ ҶОМӢ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ-РО АМАЛӢ МЕНАМОЯНД.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ зери унвони “Якҷоя месозем!” корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” дастаҷаъмона бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳал зиёда аз 35-адад симчӯбҳои деҳаро бо маблағи 50-ҳазор сомонӣ азнавсозӣ намуданд.