АМАЛИЁТИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ» ДАР ШАҲРИТУС

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар деҳаҳои Ҷамъият- Деҳқон ва Хушодии ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамъият-Деҳқон» ва «Хушодӣ» ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.

Дар чорабинии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта,  қабл аз оғози Аксия мавсуф бо сокинони ҷамъомада атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ва мақсади баргузории чорабинии ҳизбӣ суҳбат анҷом доданд. Сипас, иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми Ватан ба тоза кардани дохил ва атрофи қабристон аз сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худрӯй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон машғул шуда, дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд.