МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ШОҲТЕМУР-1"

А.Ҷомӣ: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ШОҲТЕМУР-1” бо иштироки бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода ва раиси ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳия Маҳмадрасул Юнусзода маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ доир гардид.

Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисоботи Шоймардонов Собир раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда зимни ироаи ҳисобот қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “ШОҲТЕМУР-1” дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст. Саҳми ташкилот ҷиҳати баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсии шаҳрак назаррас арзёбӣ мегардад.

Иброз намуданд, ки ташкилоти мазкур 40-нафар аъзо дошта, аризаҳои иловагӣ барои қабул ба узвияти ҲХДТ дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

Тибқи рӯзномаи дуюми маҷлис, аз ҷониби аъзои ҳизб ибтидоӣ аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Дар фарҷоми маҷлис Муҳаммаддовуд Ҳалимзода-раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо ҳамсафон ибрози андеша кард.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки ташаккули маърифату фарҳанги сиёсии мардум бояд дар меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии мо қарор дошта бошад.

Ба роҳ мондани чорабиниҳо барои ташакулли фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзои ҳизб ба фаъолияти доимии ташкилотҳои ҳизбӣ бояд табдил дода шавад. Дар фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошад.