ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ!

А.Ҷомӣ: Андеша  

«Ваҳдат-беҳтарин, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумуи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан ҳам дар сарнавишти ҳар як миллату давлатҳо санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун оғози созандагиҳои бузург ва даврони саодатофарин маҳсуб мешаванд.

Маҳз барои мо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 27 – уми июни соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоии тақдир мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст ва ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад.

Ин рӯзи мубораку саид бо хости Яздони пок пас аз талошу қаҳрамонониҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Бояд қайд намуд,ки кулли воқеаҳо ва рўйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он миллату давлатҳо саҳифаи сифатан нав ворид месозанд аз Истиқлолияти комили давлат, сулҳу ваҳдату ризоият маншаъ мегиранд ва дар рушди ҷомеа нақши муассир ва абадӣ доранд.

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Ваҳдати миллии мо ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор равона гардидааст ва мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки мушкилоту хатарҳои муосир амнияту оромию осоиштагии Ватани азизамонро парешон намояд.

Бо сарафрозию ифтихормандии бузург итминони комил дорем, ки пирӯзиҳои мардуми шарифу сарбаланду ваҳдатофари тоҷик бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, роҳбари давлати сулҳофарину мардумсолору адолатпешаи мо дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеъонаи он дар арсаи мубориза бо ин падидаи номатлуб абадӣ ва ҷовидона мебошанд.

Дар ростои таҷлили ҷашни бузурги миллатамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки қарор дорем, ҳамаи ҳамватанони азизро бо ин ҷашни фирӯз табрик намуда, гуфтанӣ ҳастем, ки тоҷику тоҷикистонӣ будан, ба миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик тааллуқ доштан мояи ифтихор аст ва ҳамзамон аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти бузургро талаб дорад.

Бинобар ин, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таърихиву фарҳангии хеш ва ифтихори баланди ватандорӣ мо бояд на танхо худ бо шинохти масъулият бошем, балки ин ҳақиқати равшанро ба насли ҷавон низ биомӯзонем, инчунин, мо бо бояд тамоми донишу таҷриба, инчунин нерӯи зеҳнӣ ва маънавӣ, ҳамаи захираву имкониятҳоро баҳри ободии Ватани маҳбуб, сарзамини аҷдодӣ, таъмини зиндагии шоиста сафарбар намоем, чунки паёми сулҳу ваҳдату дӯстии Пешвои миллатамон ба ниҳоди поки дилҳо ва ҷонҳои мардуми тоҷик макон дорад, ки саршори сафои сулҳу дӯстӣ ва бародариву хайрхоҳӣ мебошад ва баҳри рушду нумуъи Тоҷикистони азиз равона гардидааст.

Дар лабони мардуми мо ханда бод,

Бахти мо ицболи мо поянда бод.

Ҳомии сулҳу саодатҳои мо,

ПЕШВОИ МИЛЛАТИ МО ЗИНДА БОД !

Муҳаммаддовуди Ҳалимзода-раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ