ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ "ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ"

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо роҳандозии ташаббусҳои ҳизбӣ "Соати сиёсӣ", "Мактаби ман", "Рӯзи ёдоварӣ" ва "Якҷоя месозем"-ро ба роҳ мондааст, ки ҳама дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун узви ҲХДТ дар татбиқи ташаббусҳои ҳизбӣ пайваста талош меварзанд.

Ин навбат ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 35 – солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои зиёди созандагию ободониро аз ҷумла сангфаршкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳои сатҳи маҳали доштаро дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" роҳандози намуд.

Дар ин доира  роҳҳои дохили кӯчаҳои маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Калинин аз ҳисоби шахсони саховатманд ва ватандӯст, сангфарш ва мумфаршкунӣ карда шуда истодаанд.

Айниҳол дар акс рафти мумфаршкунии роҳӣ маҳаллаи Тутзори ҷамоати деҳоти болозикр инъикос гардидааст.