Ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.
Чунин иқдом имрӯз дар ташкилоти ибтидои ҳизбии дар заминҳои гирду атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 Аксияи ҳизбии "ҲХДТ - ҳизби созанда ва ободкор" баргузор гардид.
Дар раванди корҳои ободонӣ гирду атрофи биноро тозаву озода намуда, дар назди бинои муассиса гулҳои ороишӣ шинонида шуд.