ГАР ДАСТИ ФИДОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ!.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат қишрҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизбӣ ва супориши раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Меҳргон”ҷ/д.Калинин ба маъюбон, пиронсолон ва ятимон ба 13 оилаҳои ниёзманд ба маблағи 4900 сомонӣ маблағи пулӣ ва 10кг орд ва 3кг равған дода шуд.