РАСОНИДАНИ КӮМАК БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.

Дар асоси супориши раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Б. Раҳимзода” ҷ/д.Иттифоқ ба як қатор оилаҳои ниёзманд кумакҳои яквақтинаи пули расонда шуд.