БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи ҳизбӣ, бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 04 апрели соли 2024 аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Боҷу-Хироҷ» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур аъзоён  фаъолона ширкат варзида, дарав наудани алафҳои ҳамешасабз (газон) ва нарм намудани заминҳои назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ машғул гашта, ба корҳои тозакунию тамизкори саҳми худро гузоштанд.

Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.