ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ДАЛЕРИЮ ШУҶОАТ АСТ!

А.Ҷомӣ: Андеша  
Вақте мо Ватан ва Давлат мегӯем, моро ифтихор фаро мегирад, ки мо ватандору давлатдор ҳастем. Ватани мову Давлати мо Тоҷикистон аст. Мо-мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд ба таври ҳамеша аз ин неъмати бебаҳо шукргузорӣ кунему эҳсоси ифтихору масъулият намоем. Зеро миллатҳое бо нуфузи бештар аз ин неъмат бебаҳраанд. Ватандориву давлатдорӣ як паҳлуи масъала асту ҳифзи он паҳлуи дигар. Ва имрӯз ҳифзи марзу буми Ватан-Тоҷикистони соҳибистиқлол бар уҳдаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар вогузошта шудааст.
Хизмати модар ватанро аз дилу ҷон мекунем,
Ҳар нафасшаълу шукуфонро фаровон мекунем.
Баски моро у ба меҳри модарши парвардааст,
Дар вафодори барояш аҳду паймон мекнем.
Ҳар яки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.Дар ин радиф мехоҳам аз як таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шавам: «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимми он ба ҳисоб рафта, аз рузҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф — ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд.» Ҳамчунин қайд гардид, ки сарбозон бояд ба тарбияи ҷисмонӣ ва обутоби бадан диққати махсус дода, пайваста ба машқу тамрин машғул шаванд ва касбу ҳунар омӯзанд. Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони баору номуси миллат баҳри оромиву осоиштагии марзу бум, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмати Ватан-Модарро сарбаландона ба ҷо оварда истодаанд.
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост.
Оре, сарнавишт ва ояндаи миллату давлатамон, осудагиву оромии аҳли ҷомеа ба хизмати пуршараф ва далериву шуҷоати хизматчиёни ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст. Дар шароити муосири ҷаҳони пуртазод, хатарҳо ба ҳаёти осоиштаи инсоният, афзоиши ифротгароиву терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ масъулият ва вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бамаротиб меафзоянд. Ва иҷрои муваффақони ин вазифаҳоро хизмати шабонарӯзӣ ва ҳисси баланди ватандстии хизматчиёни ҳарбӣ таъмин карда метавонанд.Шукри истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯз фарзандонамон дар Ватани соҳибистиқлоламон барои ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи шаҳрвандиро ба ҷо меоранд.Ман ҳам аз рӯйи тақозои касбам чун журналист ва ҳамчун шахрванди кишвар ҳамеша ба вазъият ва шароитҳои сарбозон таваҷҷӯҳ дорам, ба шогирдон – журналистон оянда дар ин бора табодули афкор мекунам. Таҷрибаи андӯхтаи Артиши миллии моро дар ин муддати кӯтоҳ метавон ба таҷрибаи садсола баробар донист. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо техникаи муосири ҳарбӣ, бинову иншоотҳои ба талабот ҷавобгӯй таъминанд. Мо дилпур ҳастем, ки иқтидори мудофиавии Ватанамон барои ҳифзи кишвар басандааст, ҳеч қуввае наметавонад марзу буми мо, оромиву суботи ҳаёти моро халалдор созад. Ва муҳимтар аз ҳама дар Қувваҳои Мусаллаҳ неруи кадрӣ-афсарони соҳибкасбу соҳибмаълумот хизмати содиқона ба ҷо меоранд ва дар тарбияи сарбозон дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, дар роҳи камолоти ҷисмониву маънавӣ ва касбазхудкунии сарбозон нақши бориз доранд. Яъне, Артиши миллӣ як навъ мактаби мардонагиву шуҷоат, обутобёбии насли ҷавон, роҳнамоӣ ба ҳаёти минбаъда гардидааст. Таъминоти сарбозон бо сару либос, хӯрокворӣ ва дигар лавозимот дар сатҳи баланд ба таври бояд ва зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷавонони тоҷик бояд донанд, ки гузаштагони мо ҳамеша ҳифзи марзу буми Ватанро ифтихор медонистанд. Аз ин хотир ҷавонони синни даъват бояд барои дифои Ватан омода бошанд ва хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳам ӯҳдадорӣ ва ҳам ифтихор донанд.Мо-шаҳрвандон бояд фаромӯш накунем, ки як лаҳза бепарвоӣ дар ҳифзи Ватан ин баробари хиёнат ба сарнавишти Давлату Миллат ва ояндагонамон аст.
 
Самадзода Саёҳат-Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ