НИҲОЛШИНОНӢ ДАР Т.И “ЗАРНИСОР”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидани мамлакат ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болои дар ташкилоти ибтидоии “Зарнисор” Аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон диёри зебоманзар” баргузор гардид.  

         Дар аксияи мазкур раиси Ҷамоати деҳоти “50-солагии Тоҷикистон”, раиси Т.И “Зарнисор” аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбӣ,аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони ҳизбӣ  иштироки фаъолона намуда,бо мақсади ободу зебо гардонидани кишвари азизамон Тоҷикистон беш аз 50 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз  шинониданд.

Чунин иқдомҳо бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардонии ноҳия ва сазовор таҷлил намудани Ҷашнҳои муҳими давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб, корхонаҳо, муассиса, кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони ноҳия доир мешаванд.