БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи ҳизбӣ, бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 20 марти соли 2024 аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Тандурустӣ» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар назди бинои беморхона аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур аъзоён фаъолона ширкат варзида, дар рӯбучини роҳравҳо, нарм намудани зери дархотон ва тоза кардани алафҳои бегона машғул гашта, ба корҳои тозакунию тамизкори саҳми худро гузоштанд.

Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.