НАВРӮЗ-ҶАШНИ НИЁГОНИ ТОҶИКОН

А.Ҷомӣ: Андеша  
Яке аз сабабҳои зуд истиқбол шудани ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ аз ҷониби мутахассисон ва комиссияҳои ЮНЕСКО-ю Созмони Милали Муттаҳид дар он аст, ки ин ҷашн воқеан ҳам ҷашни фарҳангӣ ва сулҳофар аст ва ба дину оине рабт надорад, зеро дар айёми Наврӯз ҳама бо ҳамдигар, новобаста аз миллат, забон, дин, нажод ва маҳал хурсандӣ карда, гирди дастурхони наврӯзӣ мешинанд. Аҷдодони мо мегуфтанд, ки дар рӯзи таҷлили ин ҷашн бояд дилҳо аз кинаю нафрат пок бошанд, бо миёнравии шахсони муваффақ ва мӯйсафедони табаррук қаҳриҳо бо ҳам оштӣ мекарданд, ҳама гуна муноқишаю низоъҳоро ба сулҳ меоварданд. Онҳо андеша доштанд, ки агар касе дар соли нав бо ҳам қаҳрӣ ва ё ҷангӣ бошад, ҳатман дар корҳои онҳо як навъ мушкилот пеш меояд. Бешубҳа Наврӯз ҷашнест куҳанбунёд, гарчанде дар китоби Авесто аз ин ҷашн ном бурда намешавад, вале дар дигар китобҳои Зардуштӣ ба монанди «Бундаҳишт» оиди Наврӯз суннату маросимҳои Наврӯзӣ нақлу ривоятҳои зиёд ҷой доранд.
Наврӯз расид ёри дирӯзии ман
Як рӯз биё барои дилсӯзии ман
Ғамҳои ту куҳнаанд, аммо имрӯз
Хуштар зи ғами ту нест наврӯзии ман
Пас хулоса метавон бардошт, ки Наврӯз ҷашн ва маросимест кӯҳанбунёд, ки мардуми ориёнажод ҳанӯз аз даврони асотирии Пешдодиён таҷлил менамоянд. Бояд қайд намуд, ки Наврӯз дар тули пайдоиш ва мавҷудияти худ дар ҳар як давру замон аз ҷиҳати шакл таҳаввулотро вобаста ба ҳаводиси таърихию сиёсӣ аз сар гузаронида бошад, ҳам, вале моҳияту суннатҳои ҳаётбахши худро тағийр надодааст. Дар боби Наврӯз бисёр навиштаанду гуфтанд ва сухан аз он ҳамвора муқаррар аст, аммо дар илму адаб такрор малоловар аст, вале ақл такрорро дӯст дорад, табиати офаридгор такрорро дӯст дорад, эҳсос такрорро дӯст дорад, зеро ҳама аз такрор ҷон мегирад ва аз ин хотир Наврӯз достони зебоист: табиат, ҷомеа, ақл, эҳсос ва амсоли ин аз такрор нерӯманд мешавад. Наврӯз ҷашни бедоршавии табиат буда, ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад ва замона ва он чи дар ӯст, нав мешавад Оре, Наврӯз қарнҳои дароз бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон ҷилва мебахшад, ҷашни ҷаҳону ҷавонию шодмонист, ҷашни замину офтоб аст, шӯри заданҳову ҷӯши шукуфтанҳо, саршор аз нури шукӯҳи оғоз аст. Баъзе муҳаққиқон таърихи Наврӯзро панҷҳазорсола ва баъзе шашҳазорсолаю ҳафтҳазорсола мегӯянд.
Баротова ЗИННАТ-Муттахассиси
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ