ТОЗА КАРДАНИ ЗАҲБУРУ ЗАҲКАШ ДАР Т.И «М.ГОРКИЙ»

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корам ва наздиҳавлигии сокинони ноҳия ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин раиси деҳаи М.Горкий Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳия вазъи саробу тоза намудани заҳбур ва заҳкашҳоро аз наздик дидан намуда, дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.
Кишоварзони ташкилоти ибтидоии “М.Горкий”, ки дар таъмини бозори истеъмолии ноҳия ва вилоят бо маҳсулоти кишоварзи нақши муҳим доранд. Дар баробари риояи қоидаҳои агротехникии кишту зироатҳо, инчунин ба беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои корам таваҷҷуҳӣ хоса зоҳир менамоянд.
Тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва ба гардиши кишоварзи даровардани қитъаҳои бекор хобида аз масоили ҳалталаб дар ташкилоти ибтидории “М.Горкий”-и Ҷамоати деҳоти Яккатут маҳсуб меёбад, ки имсол ҷиҳати бартараф намудани он бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва саҳми мардуми маҳал иқдомҳои ҷиддӣ пеш гирифта шудааст.
Заҳбуру заҳкашҳое, ки чанд соли охир тоза нагардидабуданд бо истифода аз техникаҳои муосири соҳа канда шудаистодаанд.
Ба андешаи мутахассисони соҳа дар сурати риояи қоидаҳои агротехникӣ ва барқарор намудани ҳолатҳои мелиоративии заминҳои корам, имкон фароҳам мегардад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишт намуда дучанд афзуда таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми бештар гузошт.
Айни замон ҷиҳати тоза намудани заҳбур ва ба ҳолати обёрӣ омода намудани заминҳои корам техника дар ҳолати омодабош қарор дошта заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуда истодаанд.