БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи ҳизбӣ, бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 14 марти соли 2024 аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар назди бинои Кумита аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур кормандон фаъолона ширкат варзида, дар рӯбучини роҳравҳо, сафед ва нарм намудани дархотон ва тоза кардани алафҳои бегона машғул гашта, ба корҳои тозакунию тамизкори саҳми худро гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.