НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МТМУ №21

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ҷонибдорӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидани мамлакат ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ дар МТМУ №21 Аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон диёри зебоманзар” баргузор гардид.  

 Дар аксияи мазкур аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбӣ,аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони ҳизбӣ  иштироки фаъолона намуда,бо мақсади ободу зебо гардонидани кишвари азизамон Тоҷикистон беш аз 20 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз арча шинониданд.

Ёдовар мешавем, ки чунин иқдомҳои бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардонии ноҳия ва сазовор таҷлил намудани Ҷашнҳои муҳими давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб, корхонаҳо, муассиса, кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон ва сокинони ноҳия мунтазам доир карда мешавад.