"СОАТИ СИЁСӢ" ТИБҚИ НАҚШАИ МУШТАРАК БАРГУЗОР КАРДА ШУД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муштарак санаи 24 феврали  соли 2024 дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Соати сиёсӣ доир гардид.

Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ” ба сифати маърӯзачӣ омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, миёни наврасон ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзуҳои вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ; масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон; таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби сарбози ихтиёрӣ” гузаронида шуд.