БАРГУЗОРИИАМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МТМУ №10

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 24 феврали  соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, миёни наврасон ва ҷавонон Соати сиёсӣ доир гардид. Соати сиёсӣ дар мавзуҳои вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ; масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон; таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби сарбози ихтиёрӣ” гузаронида шуд.

Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои тиълимии ҳудуди ноҳия байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.