ИСТИҚБОЛ АЗ ҶАШНҲОИ ФАРХУНДАИ СОЛ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
«Таъмини Ваҳдати миллӣ, амният, сулҳу суботи ҷомеаи Ватани маҳбубамон масъулияти дучандро талаб менамояд».
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади дастгири аз супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аъзоёни Ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 87740 дастархони идона ороста шуд.
Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани Ватан – ин бузургтарин неъмати беҳамтои миллӣ ва вазифаи давлату рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.