НИҲОЛШИНОНӢ ДАР Т.И “ВАҲДАТ”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидани мамлакат дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” Аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон диёри зебоманзар” баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур аъзоёни масъули Т.И “50-солагии Тоҷикистон”, раиси Т.И “Ваҳдат” аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбӣ, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони ҳизбӣ иштироки фаъолона намуда,бо мақсади ободу зебо гардонидани кишвари азизамон Тоҷикистон беш аз 50 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинониданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин иқдомҳои бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардонии ноҳия ва сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои муҳими давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб, корхонаҳо, муассиса, кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон ва сокинони ноҳия доир мешаванд.