КОРҲОИ ОБОДОНӢ АЗ АЗ ҶОНИБИ АЪЗОЁНИ ХХДТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо дастгирӣ аз ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем" ташкилоти ибтиоии “Б.Ҳилоли”-и Ҷамоати деҳоти “Дӯстӣ” дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби зиёди аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбӣ, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як катор корҳои ободонӣ ва созандагиро ба роҳ монданд.
Аз ҷумла дар даромадгоҳи деҳаи мазкур дарвозаи хубу замонавӣ бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки нишон аз баланд будани ҳисси ватандустӣ ва ватанпарастии сокинони ин маҳал мебошад.