САҲМИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ ДАР ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Аксияи "Якҷоя месозем!" ягона Аксияе мебошад, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия миёни мардуми ноҳия, алалхусус маҳалаву деҳаҳои он ҳамовозии зиёде касб намудааст. Дар доираи ҳамин Аксия дар деҳаву маҳаллаҳо корҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ бо маром идома дорад.
Дар ташкилоти ибтидои "Навои" бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва сокинони кучаи Навои ва бо дастгири ташкилоти ибтидои "Барқчиён"-и ноҳия ивазкуни тамоми симчӯбҳо бо симчӯбҳои нави замонавӣ бо маром идома дорад.
Ин аксия дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ноҳия дастгирӣ ёфта, ба ин васила аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ мехоҳанд, ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор таҷлил гиранд.