НИҲОЛШИНОНӢ ВА ГУЛШИНОНӢ ДАР МТМУ №20

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони масъули ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби зиёди аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбӣ, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтёрони ҳизбӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, Аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон диёри зебоманзар”,  дар  МТМУ №20-и ноҳия баргузор намуда, ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинониданд.

Бояд гуфт, ки чунин иқдом бо иштироки ҳамаи аъзову ҷонибдорони ҳизб дар тамоми гулгашту хиёбонҳо ва роҳравҳои ҳудуди қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифтаву идома хоҳад ёфт.