ТОЗАГИИ МУҲИТИ АТРОФ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИСТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 10 феврали 2024 сол дар ташкилоти ибтидоии “Мирзообод”- ҷамоати деҳоти “Калинин”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби зиёди аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, волонтёрони ҳизбӣ шанбеӣ доир гардид. Аксияи ҳизбӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳашарчиён маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳоро тозаву озода карданд.