ОМӮЗИШИ ФАЪОЛИЯТИ ДОХИЛИҲИЗБИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия омӯзиши фаъолияти дохилиҳизбиро ба роҳ мондааст.
Ҷараёни омӯзиш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадади-Сино“-и зери роҳбарии Хоҷаёров Чориқул раиси ташкилоти ибтидоӣ нишон дод, ки дар баробарӣ пешравиҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ камбудиҳо низ назаррас буда, баҳри бартараф намудани онҳо дастуру роҳнамоии мушаххас аз ҷониби мутасаддиён ба раиси ташкилоти ибтидоии “Мадади-Сино”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дода шуд.
Ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолияти худро баҳри ҳадафмандона таблиғ намудани мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришхои сохторҳои болоии ҳизб, нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроия дар ноҳия ва нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ бо роҳи расонидани иттилооти мукаммалу саривақтӣ ба аъзо, масъулин ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ амалӣ менамояд.
Дар ин радиф таъкид гардид, ки дар асоси талаботи Оиннома ва дигар санадҳо, ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз масъулиятшиносии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки ташкилотҳои ибтидоӣ пайваста соатҳои сиёсиро барои ташаккули фарҳангу маърифати сиёсии аъзо роҳандозӣ намуда, донишу идроки аъзояшро баҳри мустаҳкам намудани истиқлоли сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули сохтори давлатдории нав нақши муҳимро бозад.
Дар баробари вазифаҳои вобаста ба фаъолияти ҳаррӯза, ташкилотҳои ибтидоӣ дар ташвиқи ғояҳои ҳизб корҳои муайянеро анҷом медиҳанд.