АМАЛИГАРДОНИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ «МАКТАБИ МАН» ДАР НОҲИЯИ А.ҶОМӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 27 январи соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22– и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ "Соати сиёсӣ ва Мактаби ман" баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон барои гузаронидани амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, барои баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва сафарбаркунии даъватшавандаҳо ба сафи Артиши миллӣ суҳбатҳои судманд доир намуда, иштирокчиёнро дар мусоидат ба рушди муассисаи таълимӣ ва риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"  суҳбат  гузаронида  шуд..