"РОҲ БА СӮИ МАОРИФ” БЕҲТАРИН ТАШАББУСИ ҲИЗБӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Зери унвони “ Роҳ ба сӯи маориф” бо иштироки Қосимӣ Назокат-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар шахсони масъул дар муассисаи таълимии №9-и ноҳия бо кумитаи падару модарони муассисаи мазкур "Соати сиёсӣ" баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон барои гузаронидани амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, барои баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва сафарбаркунии даъватшавандаҳо ба сафи Артиши миллӣ суҳбатҳои судманд доир намуда, иштирокчиёнро дар мусоидат ба рушди муассисаи таълимӣ ва риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" суҳбат гузаронида шуд..