ОБОДОНИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба барқияи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» дар ноҳия ҳамарӯза маъракаи ниҳолшинонӣбо маром идома дорад.

Ин навбат маъракаи ниҳолшинонӣ дар ташкилоти ибтидоии “Навобод”-и Ҷамоати деҳоти “Яккатут”-и ноҳия баргузор гардида, дар он Буризода Акбар раиси Ҷамоати деҳоти “Яккатут”, раиси Бахши Ҳифзи муҳити зист Абдуалимов Абдулқудус ва сокинони маҳал иштироки фаъолона намуданд.
Бояд гуфт, ки чунин иқдом бо иштироки ҳамаи аъзову ҷонибдорони ҳизб дар тамоми гулгашту хиёбонҳо ва роҳравҳои ҳудуди қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифта, ин иқдом идома дорад..