АКСИЯИ ҲИЗБИИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР АМАЛ!

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20 январи 2024 сол дар ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби зиёди аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбӣ, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, волонтёрони ҳизбӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҲХДТ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, Аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон диёри зебоманзар”, дар ташкилоти ибтидоии “Б.Ҳилолӣ”-и ҷамоати деҳоти “Дӯстӣ”-и ноҳия баргузор гардида, беш аз 100 ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинониданд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ”-и ҷамоати деҳоти “Дӯстӣ”-и ноҳия Воҳидова Нарзигул иштирок намуда саҳми назарраси худро гузоштанд.

Бояд гуфт, ки чунин иқдом бо иштироки ҳамаи аъзову ҷонибдорони ҳизб дар тамоми гулгашту хиёбонҳо ва роҳравҳои ҳудуди қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифтаву ин иқдом идома хохад ёфт.