САҲМИ ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, корҳои зиёди созандагию ободониро, аз ҷумла сангфаршкунӣ ва мумфаршкуниро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Дар доираи ин, як қатор Аксияҳои ҳизбӣ амалӣ гардида, роҳҳои дохили кӯчаҳои маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Дӯстӣ аз ҳисоби шахсони саховатманд ва ватандӯст, сангфарш ва мумфарш гардида истодаанд. Сахми  раиси  ташкилоти  ибтидоии  “Дӯстӣ”-и ноҳия  Воҳидова Нарзигул дар  муттахид намудани  сокинони  махаллахои худуди  Чамоат бениҳоят  бузург  буда, корхои  ободонӣ  дар  деҳаҳои Чамоат бо  маром  идома  дорад.