АКСИЯИ ҲИЗБИИ "ТОЗАГИИ СОҲИЛ"

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" аксияи "Тозагии соҳил" гузаронида шуд.
ТҶҶ "Созандагони Ватан" тозагиро аз гирду атрофи соҳилу ҷуйборҳои марказӣ ноҳия оғоз намуда, гирду атрофи ҷуйборҳо аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуда, бехи дарахтҳои ҳамешасабз нарм карда шуданд.